- буд
- I[بود]асоси замони ҳозира гузашта аз буданII[بود]1. он чи мавҷуд аст, мавҷуд: аз будаш зиёд карда нишон додан, буди кор ҳамин; буд кардан иҷро кардан, пур кардан, ба итмом расонидан (мас., кореро); буд шудан иҷро шудан, пур шудан, итмом пазируфтан2. дороӣ, сарват, сарватнокӣ; буд набуд таъбири оғози анъанавии афсонаҳои тоҷикӣ, сарафсона; буду набуд ҳамаи чизу чора, молу мулк, дороӣ; буду шуд а) асл, ҳақ, ҳақиқат: буду шуди гап, буду шуди воқеа; б) тамоми чизи дар ихтиёр дошта, ҳамаи дороӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.